Сурияравҳо аз сизо озод шуданд
Мақомоти тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон 8 сокини ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ)-ро, ки ба гумони иштирок дар ҷангҳои Сурия боздошт ва нӯҳ моҳро дар боздоштгоҳи муваққат сипарӣ карданд, раҳо намудааст. Мақомот мегӯянд, ин ҳашт нафар муҳоҷирони корӣ буданд, ки «бо фиреб аз Русия ба Сурия интиқол ёфтанд». Як мақоми Додситонии кулл гуфтааст, “азбаски ин 8 нафар иштибоҳи худро фаҳмида ва аз карда пушаймон шуданд”, тафтишот айбномаашонро тағйир дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ