“Суроғи ман”-и Farzin нашр шуд

Рэп-таронаи навбатии рэпсарои ҷавон ва ҳамзамон сершунаванда Farzin бо номи “Суроғи ман” бо намоҳангаш нашр гардид.

“Суроғи ман” аз ютубканали шахсии рэпсаро пешниҳод шуда, назар ба дигар рэпҳояш, ки бо рэпсароёни шинохта буданд, тамошобини камро соҳиб гаштааст.

Сужаи намоҳанг бо матн мувофиқ буда, аз хато кардану ҷудоӣ мегӯяд. Дар он дида мешавад, ки ҷавон бо маъшуқааш ҷанҷол мекунад ва духтарро мошин мезанад. Зоҳиран, матни рэп ҳолати пас аз ба садама дучор шудани духтару баъзе ҳолатҳоро ёд кардани ҷавонро бозгӯ мекунад. Дар он чунин мисраъҳо мавҷуданд:

Суроғи ман гар омадӣ, биё, шабона-шабона,

Ки дар дили ошиқат дигар армоне намонад.

Қалам бар дастам меларзад, чаро хомӯш расми ту,

Дилам аз фикри дурит ба мисли барг меларзад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *