«Сверхзадача» ё худ қиссаи тӯйи Эдик. Дар ҳошияи 70-солагии Давлат Убайдуллоев
Давлат Убайдуллоевро ман ҳанӯз ҳангоми тифли гаҳвора буданаш, яъне дар овоне, ки ӯ ҳоло тифли гаҳвораи илми фарҳангу ҳунар, донишҷӯи Донишкадаи санъату зебоӣ буд, мешинохтам. Сари шӯридаи ӯ он вақт пур аз мӯйҳо ва дили ҳассоси беқарораш чун ҳамеша лабрези орзуву ормонҳо буданд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев баъди хатми Донишкадаи ҳунарҳои зебо чанд муддате дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёр фаъолият намуда, худро ҳамчун ҳунарпешаи хушсалиқаву соҳибзавқ муаррифӣ намуд.
Шавқу рағбат ва донишу малакае, ки андӯхта буд, Давлатро водор сохт, ки дар самои ҳунари касбӣ баландтар парвоз кунад. Ҳамин тавр, ӯ бо боли орзуву ниятҳои наҷиб ба шаҳри соҳили Нева, шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург) парвоз намуда, тайи панҷ сол донишу маҳорати хешро дар риштаи коргардонӣ мукаммал сохт.
Холаи Хуросону бобои Табар (рӯҳашон шод бод!) аз ман бо исрор хоҳиш мекарданд, ки ҷойи писари ягонаашон Давлати раҳдурро дар хона холӣ нагузорам. Ҳар боре, ки ӯ аз Ленинград ба таътил меомад, дар хонадони эшон тантанаи тӯю сур барпо мешуд ва дар ҳалқаи дӯстон бо ширкати Давлат маҳфили фарҳангу адаб доир мегашт…
Боре ҳангоми ба таътили тобистона омадани Давлат ва ҳамсабақи ман Шавкат Халилов дар хонаи ҳамсабақи дигарам — наттоқи радиои тоҷик Ҳикматулло Раҳматов (рӯ ба рӯи Театри ба номи А. Лоҳутӣ) ба ифтихори бозгашти ду донишҷӯи ленинградӣ зиёфати ҳарифона оростем. Ошпази марказии зиёфат Шавкат Халилов буд. Ман дар театр намоиш доштам ва ҳангоме, ки баъди кор ба зиёфатгоҳ расидам, алакай аз ду шишаи шароби мавҷуда як шишаи онро сарошпаз ва ёваронаш бо зирбаки ош пок-покиза нӯшида буданд. Ин буд, ки ҳангоми зиёфат хуморамон нашикаст. Дар яке аз ҳавлиҳои ҳамсоя тӯйи арӯсии яҳудиён дар авҷ буд. Садои сурудхонии Барно Исҳоқоваю дигар ҳофизони номдори яҳудиёни Бухоро ва табрикоти махмуронаи меҳмонон дар атроф танинандоз буд. Ман ба донишҷӯёни риштаи коргардонии Донишкадаи Ленинград пешниҳод кардам, ки бо назардошти иҷрои “Масъалаи басо муҳим” (“Сверхзадача”) дар раванди фаъолияти эҷодӣ аз ҳамон тӯйи яҳудиёни бухороӣ ягон шиша шароб оварда, хисороти дар раванди зирбак ба зиёфат овардаи худро ҷуброн кунанд. Пешниҳод ба шогирдони мактаби Театри бузурги рус писанд омад ва аз пайи иҷрои он камар бастанд. Вақте ки ба базмгоҳ расидем, дарвозаи ҳавлӣ кушода буд ва дар болои тахти арӯсу домод рӯи қолин бо пахта чунин навишта буданд: “Эдик+Сара=любовь“. Мо мушоҳида кардем, ки меҳмонон ягон-ягон ба назди арӯсу домод омада, онҳоро ба оғӯш гирифта мебӯсиданду таманниёту табрикоти хешро ироа карда мерафтанд. Давлат бо дидани ин ҳолат ва бо хондани номи домоду арӯс лаҳзае таваққуф карду сипас бо қадамхои устувор сӯи тахти арӯсӣ ҳаракат намуд. Ман низ чун муаллифи “проэкти” мазкур аз пайи Давлат бо ҷуръати хоса қадам зада, ба назди Эдику Сара расидем. Эдик қариб ду метр қад дошт. Бо тақозои иҷрои супориш ё масъалаи басо муҳим (“Сверхзадача”) донишҷӯи курси режиссёрии Донишкадаи Ленинград Давлати кӯтоҳқомат Эдики думетраро чунон ба оғӯш гирифта, бо забони тозаи русӣ чунон табрикаш гуфт, ки Эдик чанд лаҳза яҳудӣ будани худро фаромӯш кард. Сипас Давлат афзуд: «Эдикҷон, бубахш, ки ҳамаи бачаҳо ба табрики ту омада натавонистанд. Маро муваззаф намуданд, ки аз номи ҳама омада туро мустақиман бо издивоҷат табрик гӯям. Мо онҷо бо бачаҳо барои хушбахтии туву Сара нӯшидему нӯшбод гуфтем. Мо онҷо шароб дорем, вале агар иҷозат диҳӣ, ба бачаҳо аз шароби тӯйхона ягон шиша барам, лазизтару гуворотар хоҳад буд, зеро шароби тӯй ба ҳар ҳол шароби тӯй аст, хосияту баракати худро дорад». Эдики ҳайратзада бе ҳарфу гап ба сӯи як шишаи кушодагиву нимшудаи шароб бо сар ишора карда буд, ки Давлат бо чолокии ба худ хос аз рӯи мизи захиравӣ бо ду даст ду шишаи пури шароби “Экстра”-ро гирифта ба оғӯш кашиду сӯи дарвоза шитофт. Ин лаҳза ман низ Эдикро ба таври худ оғӯш гирифта табрик гуфтаму оромона аз тӯйхона бадар рафтам. Дар лаҳзае, ки Давлат шишаҳоро ба оғӯш кашид, Шавкату Ҳикматулло, ки назди дарвоза истода буданд, аз тарс думро хода карданд…
Вақте ки масъалаи басо муҳим (“Сверхзадача”) бо амалиёти гурӯҳи зудамал ба иҷро расид, нишасту зиёфати мо мақоми байналмилалӣ касб кард ва мо худро дар Тел-Авиву Ню-Йорк, Маскаву Ленинград ва Иерусалиму Бухоро эҳсос карда, барои саломатӣ ва хушбахтии Эдику Сара нӯшбодҳо мегуфтем. Лаззату кайфияти рӯҳиву равонии моро он лаҳзаҳо ҳадду канор набуд…
Тақрибан соатҳои 2-и шаб ману Давлат ба хонаашон омадем. Модар тибқи одати ҳамешагии худ чашм ба роҳи писари ягонаашон бедор буданд.
— Бачаҳои ширинам, то ин бевақтӣ куҷо буден!?,- пурсиданд модар.
— Дар тӯйи Эдик будем, очаҷон,- ҷавоб додем мо.
— Худо Эдика хушбахту бо арӯсаш қӯшапир кунад!,- даст ба дуо бардоштанд модари покдилу поктиннат, содаву содапиндор.
Қиссаи тӯйи Эдику Сара ва амалиёти гурӯҳи зудамали мо барои иҷрои масъалаи басо муҳим (“Сверхзадача”) то ҳол вирди забонҳост…
Ортиқ ҚОДИР,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ