Светлана Алексиевич намурдааст
Дорандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Светлана Алексиевич, овозаи маргашро, ки дар Твиттер пахш шуда буд, рад кард, Алексиевич ба хабарнигорон гуфт, ки ҳоло дар Сеул аст ва бо ӯ ҳеҷ ҳодисае нашудаст.
Матбуот хабари марги дорандаи ҷоизаи Нобел дар соли 2015, Светлана Алексиевичро рӯзи 18 май бо такя ба навиштаи вазири фарҳанги Фаронса Франсуаз Ниссен пахш кард, ки дар Твиттер навишта буд. Баъдан маълум шуд, ки ин хабар ва худи саҳифа тақаллубӣ будаст.
Маълумоти бардурӯғро аз ин саҳифа рӯзноманигори итолиёвӣ Томассо Дебенедетти пахш кард. Ин рӯзноманигор пайваста хабарҳои бардурӯғ нашр мекунад ва мегӯяд, ки ин корро ба хотири «аҳмақ» кардани матбуот анҷом медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ