“Свидания” рафта бадбахт шудам

Фаридун ном ҷавонеро дӯст медоштам. Мо ошиқи зори ҳамдигар будем, ки тасвираш имкон надорад.

Фаридун маро ҳар субҳ ба донишгоҳ бурда, баъди дарс ба хонаамон меовард. Кӯшиш мекардам, ки аз гапи Фаридун берун набароям, вале як кори беақлонае, ки аз рӯйи ҳавою ҳаваси ҷавонӣ кардам, ба сари ишқамон об рехта, моро аз ҳамдигар ҷудо кард. Фаридун бо мақсади маро санҷидан аз рақами ношиносе ба ман занг зада, худро ҳамчун Тӯйчӣ муаррифӣ намуд ва чунон суханҳои ширине гуфт, ки мум барин обу адо шуда мондам. Мани сода дарҳол ба вохӯрӣ бо Тӯйчӣ розигӣ додам ва рӯзи дигар худро орову торо дода, ба ҷойи таъиншуда равон гаштам. Дар роҳ будам, ки Фаридун занг зад. Барои он ки Фаридун овозҳои бегонаро шунида дар хона набудани маро пай набарад, телефонро набардоштам ва ба ӯ смс навиштам, ки падарам дар хона аст, барои ҳамин наметавонам бо ӯ суҳбат кунам. Мутмаин будам, ки вай ба ин дурӯғи ман бовар кард, вале…

Дар хараки боғ нишаста Тӯйчиро интизор будам, ки касе аз пушт маро ба оғӯш гирифта бо кафи дастонаш чашмонамро пӯшид. Ҳарчанд кӣ буданашро пурсон мешудам, садо намебаровард. Гумон кардам, ки Тӯйчӣ аст, вале вақте чашмонамро кушод,  аз тарс дар ҷоям шах шуда мондам. Касе, ки чашмони маро баста буд, ошиқам Фаридун буд. Хостам дар боғ дугонаамро интизорам гуфта, худамро сафед кунам, вале Фаридун ба ман имкон надод, ки ҳатто даҳонамро кушоям. Вай бо нафрат ба ман нигариста ““Хиёнаткор будаӣ, дигар дар чашмам натоб” гуфту ба пушташ нигоҳ накарда рафт. Гириста-гириста аз боғ баромадам ва беҳолу бемадор ба хона омада, ба ӯ паёмак навиштам ва бахшиш  пурсидам, аммо ба смс-ҳоям ҷавоб надод, чанд маротиба телефон кардам, гӯшакро набардошт. Қариб 20 рӯз мешавад, ки дар оташи фироқи Фаридун мисли ҳезуми тар дарун ба дарун месӯзам. Корам шабу рӯз танҳо гиряву нола аст. Медонам, ки ман дар назди Фаридун гунаҳкорам, вале ба Худо қасам,  ғайр аз Фаридун ва Тӯйчӣ-Фаридун дигар бо ягон ҷавон дар боби ишқу муҳаббат гап  назадаам ва ягон кори бади нангин  накардаам. Одамизод шири хом хӯрдааст ва хоҳ-нохоҳ баъзан дар зиндагӣ ягон кори хато мекунад, аммо Худованд бо ҳама қудрату бузургиаш гуноҳи бандагонашро мебахшад. Чаро Фаридун як гуноҳи кӯчаки аз беақлӣ содиркардаамро бахшидан намехоҳад? Чаро барои як суҳбати телефонӣ ниҳоли ишқамонро решакан кардан мехоҳад?

Хонандагони азиз, чӣ гуна ёри аз даст рафтаамро баргардонам? Фаридунро чӣ тавр бовар кунонам, ки ман ӯро воқеан дӯст медорам ва дигар ҳеҷ гоҳ чунин беақлӣ намекунам? Илтимос, кӯмакам кунед, ки бинои ишқамро аз вайронӣ наҷот диҳам. Аз Фаридун ҷудо шудан барои ман баробари ба марг таслим шудан аст. Интизори маслиҳатҳои шумо:

Зулфия, ш., Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

53 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *