“Сюрпризи” ҳунармандони Конибодом ба барқчиён

Дар  «Рӯзи театр»,ки ҳафтаи гузашта, 7 ноябр баргузор гардид,  дар шаҳри  Конибодом барқ ​​қатъ гардид. Аммо ҳунармандон Конибодом ба ин”сюрприз”-и барқчиён бо “сюрприз”- худ ҷавоб доданд.

Онҳо дар торикӣ намоишномаи аудиоии (овозии) «Урфу одатҳои шаҳрӣ» -ро намоиш доданд ва ба театр тамошобинони нобиноро даъват карданд. Дар ин руз ҳамчунин  ба бахши маҳаллии ҷамъияти нобиноён дискҳои намоиши аудиоӣ ва силсилаи барномаҳои радиоиро дар бораи театр тақдим намуданд. Ҳунармандони конибодомӣ нақша доранд, ки ба наздикӣ ба намоишномаи худ маъюбони аробачанишинро даъват кунанд. Барои ин толори театрро омода намуда истодаанд.Аммо ҳарчанд аробанишинон роҳ гашат натаовнанд ҳам, чашмони бино доранд. Агар дар ин рӯз ҳам барқ нашвад,  ҳунармадон боз чӣ “кашфиёте” мекарда бошанд, шояд чароғҳои бобоиро аз сандуқи бибиҳо берун меоранд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *