Тӯҳфаи Давлаталӣ Саид ба хонандагони мактаб интернат дар ноҳияи Ёвон

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон аз Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон” дидан намуд. Дар маросими фаъолгардонии аввалин барномаи инноватсионии «Е-KHONISH» низ ширкат кард.

Хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон мегӯяд, дар доираи сиёсати инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ятимону хонандагон тӯҳфаҳои хотиравӣ дода шудааст.

Ба иттилои расида, Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон” соли 1993 таъсис ёфта, айни замон 166 хонандаи ятим ва нимятим дорад.
Бояд гуфт, ки дастгоҳу таҷҳизоти Барномаи «Е-KHONISH» дар муассисаи мавриди назар аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” ройгон дастрас гардидааст. Бо истифода аз барномаи инноватсионии «Е-KHONISH раванди дарс тавасути дурбинҳои назорати пурра назорат шуда, қариб, ки баҳогузорӣ ва таълим электронӣ сурат мегирад. Ин таҷриба ҳанӯз дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон собиқа надоштааст.

Давлаталӣ Саид ба омӯзгорону хонандагон таъкид кардааст, ки аз шароити хуб ва муосири фароҳамшуда, истифода карда, илмҳои дақиқ забонҳои хориҷиро омӯзед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *