Тӯҳфаи Президент ба Бохтар ва Левакант


Бо дастгирии бевоситаи Роҳбарияти олии кишвар ба шаҳри Бохтар ва Леваканд 5 техникаи махсуси партовкашӣ туҳфа карда шуд. Бо истифода аз техникаи мавриди назар партов саривақт кашонида мешавад.

Техникаи мавриди назарро Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон қабул карданд.

Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки масъулон бо истифода аз имкониятҳои мусоид дар тозаву озода намудани шаҳр саҳми арзандаи худро гузоранд ва дар корҳои ободониву созандгӣ аз техникаи муосир истифода намоянд.

Техникаи нав ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, дар беҳтарнамоии корҳои созандагӣ ва тозаву озода намудани шаҳр мусоидат хоҳанд намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *