Тӯҳфаи навбатии Рустами Эмомалӣ ба ҷавонон
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати шаҳрвандон, сокинону меҳмонон ва бахусус ҷавонон дар пойтахт, ҳамчунин бахшида ба Соли ҷавонон Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» таъсис дода шуд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 29 декабри соли 2017 ба тасвиб расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, боғи мазкур дар рӯ ба рӯи шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар масоҳати 13 гектару 74 садяк доман паҳн намуда, дар дохили он 21 суҳбатгоҳ, 2 қаҳвахона, 1 майдони варзишӣ ва 1 картодром бунёд мегардад.
Тибқи иттилои масъулин, Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» бо тарҳи муосир сохта шуда, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ