Тӯҳфаи наврӯзии Шавкат Мирзиёев ба тоҷикистониҳо

Шавкат Мирзиёев, президенти  Узбекистон, рӯзи 14-уми март бо судури як фармон равуои бе визаи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламрави кишвараш иҷозат дод.

Фармони Мирзиёев рӯзи 16-уми марти имсол мавриди иҷро қарор мегирад. Дар ин фармон ба мақомоти Узбекистон дастур шудааст, ки муқаррароти созишномаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон ба таври истисноӣ, яъне то замони тасвибаш аз тарафи порлумонҳо, ба иҷро дароранд. Расонаҳои расмии Узбекистон навиштаанд, ки ин иқдом барои фароҳам овардани шароити мусоид нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми таҷлил аз ҷашни Наврӯз рӯи даст гирифта шудааст.Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи 9-уми марти имсол дар Душанбе созишномаеро имзо карданд, ки будубоши бе раводиди шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати 30 рӯзро пешбинӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *