Тӯҳфаи Нигина Амонқулова ба бонувони тоҷик (Видео)
Овозхони шинохтаи тоҷик Нигина Амонқулова рӯзи иди бонувон – Рӯзи модар таронаи наваш бар пояи шеъри машҳури Озар Салим «Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт”-ро пешкаши мардум кардааст. Нигина дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук навишт, ки ин таронаро ба бонувон ва модарони меҳрубон мебахшад.
Шеъри машҳури шоири тоҷик Озар Салим бо номи «Модар фаришта буд” акнун дар ҷомаи тарона ва бо садои овозхони шинохта Нигина Амонқулова пешкаши мардум шуд. Нигина Амонқулова ин таронаи навашро рӯзи 8 март, ки дар Тоҷикистон Рӯзи Модарро ҷашн мегиранд, пешкаши ҳаводорони худ кардааст.
МОДАР ФАРИШТА БУД…
Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз Падар надошт.
Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт,
Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки Модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри»видоъ эй писар» надошт…
Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,
Азбас илоҷ пеши қазову қадар надошт.
Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд,
Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ