Тӯҳфаи охирини Раҳим Масов ба миллат
Субҳи имрӯз, аснои кандани қабри академик Раҳим Масов аз зери замин кӯзаи қадима ва чанд мӯҳраву марворид, ки ба асри биринҷӣ таалуқ доранд, пайдо шудааст. Дар ин бора рӯзноманигор Хилватшоҳи Маҳмуд, ки дар Оромгоҳи Лучоб, дар маросими дафни муарррихи варзида Раҳим Масов қарор дошт, иттилоъ дод.
Хилватшоҳи Маҳмуд дар саҳифаи Фейсбуки худ чунин пост гузошт: “Аснои кандани қабри таърихшиноси варзида, мудофеъи сарнавишти миллат академик Раҳим Масов дар оромгоҳи Лучоб бозёфти нодир — кӯза, пораҳои он ва мӯҳраву марвориди қадима дарёфт шуд. Шояд ин тамсил ва ё пайвандест ба кору пайкори академик?
Ба қавли шогирдони мактаби академик Масов — доктори улуми таърих Сайидмурод Бобомуллоев ва пажӯҳишгари ояндадор Бобомуллоев Бобомулло ин бозёфтҳо ба асри биринҷӣ тааллуқ дошта, 3500 сол доранд.”
Ин бозёфти нодирро метавон тӯҳфаи охирини академик Раҳим Масов номид, ки солҳои тӯлони Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академия улуми тоҷикро сарварӣ мекард ва солҳои охир роҳбари ду осорхонаи ин ниҳод буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ