Тӯҳфаи Президент ба футболбозон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 октябр дар Қасри миллат аъзои дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт ва ба ҳар кадоми онҳо аз фонди захиравии президент барои ба даст овардани медалҳои нуқраи қаҳрамонии Осиё 20 ҳазор сомонӣ тӯҳфа кард.

Дастаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё дар Малайзия соҳиби ҷои дуюм шуд. Рӯзи 10 октябр ба шарафи ин даста дар варзишгоҳи марказии Душанбе низ як маросими пуртантана бо консерт баргузор карданд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 октябр дар Қасри миллат дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16 — солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони Чемпионати Осиё оид ба футболро, ки бо медалҳои нуқра ба Ватан баргаштаанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфт.

Аз ҳисоби Фонди захиравии президенти Тоҷикистон ба 33 узви ин даста дар маҷмӯх 660 ҳазор сомонӣ, яъне ба ҳар кадомаш 20 ҳазор сомонӣ тақдим кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ғалабаи ин наврасонро дар таърихи футболи тоҷик дастоварди бузург номид ва гуфт, » дар байни 45 дастаи олам сазовори ҷойи дуюм гардидан ва парчами давлатиро боло бардоштан, ин шарафи бузург аст ва ҳам боз як омили муаррифии давлату миллат ва болоравии обруву нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад.”

Тими Тоҷикистон дар даври ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё аз Ҷопон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва барои бори аввал нишонҳои нуқраи ин мусобиқотро ба даст овард. Футболбозони навраси Тоҷикистон ҳамчунин ба Ҷоми ҷаҳонӣ, ки соли 2019 дар Перу доир мешавад, роҳхат гирифтанд.

Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, «дар ҳақиқат ғалабаи мунтахаби футболбозони навраси то 16 — солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони Чемпионати Осиё оид ба футбол руҳияи мардуми шарафманди тоҷикро боло бардошта, дар дили наврасон шавқу ҳавасро нисбат ба ин бозии оламшумул бедор кард. Аксари кулли мардуми ҷумҳурӣ бозиҳои ниҳоиро тамошо карда, ба дастаи дӯстдоштаи худ мухлисӣ карданд.”

Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми сӯҳбат ба футболбозони наврас орзу кард, ки аз Ҷоми ҷаҳонӣ аз Перу низ бо ғалаба ба Ватан баргарданд ва бори дигар шарафи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳимоя кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *