Тӯрахон Аҳмадхонов: “Дар театр моҳона 1 000 сомонӣ нест”

Солҳои 60-уми асри гузашта ба ҳайати эҷодииТеатри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки соли равон 90-сола мешавад,  20 нафар хатмкунандагони ГИТИС пайвастанд. Ин гурӯҳ дар театру кино инқилоб карданд ва дар шакл гирифтани афкори муосири  мардуми тоҷик нақши мунир доранд. Яке аз онҳо Арбоби ҳунари Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов аст, ки дар маҳфили “Гуфтугӯйи тамаддунҳо” дар мавриди роҳи эҷодии худ ва ҳамкурсонаш нақлҳои ҷолиб кард…

Имтиҳони қабул

Синфи 10-ро тамом кардему ҳамроҳи як ҳамсинфам дар кӯчаҳои Душанбе ҳайрон қадам мезадем, зеро ҳанӯз касби ояндаамонро интихоб накарда будем ва ба куҷо ҳуҷҷат супориданамонро намедонистем. Ҳамин вақт як ҷавонмарди қоматбаланди рус рӯ ба рӯямон пайдо шуда,  пурсид:

-Чӣ кораед?

-Мактабро тамом кардему ба куҷо ҳуҷҷат супориданро намедонем, — посух додем мо.

-Мехоҳед, ки дар ГИТИС —  Институти санъати театрии шаҳри Маскав таҳсил кунед? Баъди се рӯз ба Вазорати маданият биёед, имтиҳони қабул он ҷост…

Маълум шуд, ки ин нафар мактабҳои шаҳрро гашта, барои гурӯҳи тоҷикии ГИТИС довталаб ҷамъ мекардааст.

Мо дар ҳайрат мондем, зеро актёр шудан дар гӯшаи хаёламон набуд ва ман шавқ ҳам надоштам. Аммо рафиқи ман, ки салиқаи сурудхонӣ дошт, бетоқат шуд ва маро маҷбур кард, ки ба имтиҳони қабул равем. Ҳамроҳ рафтем. Довталаб ниҳоят зиёд буд. Рӯзи якум навбат нарасид. Рӯзи дувум  рафиқам даромада, имтиҳон супорид ва баромадан замон маро ба дарун тела дод. Даромадам, аммо ба ягон саволи имтиҳонгирандагон посух дода натавонистам. Ҳамин лаҳза оркестр оҳанг навохт. Як нафар пурсид:

-Таҳти ин оҳанг чӣ кор карда метавонед?

Гуфтам, ки ҳаракат карда метавонам, зеро дар детдом зери оҳанг қадам мезадем. Ҳамин тавр, шармандаву дилшикаста аз имтиҳон баромадам. Гуфтанд, ки баъди се рӯз оем, маълум мешавад, ки кӣ дохил шудааст. Дар вақти муайяншуда омадем, ки номи ман дар рӯйхат ҳасту номи рафиқам не…

Ҳамин тавр, ман донишҷӯи ГИТИС шудам…

Пушкин мард будааст

Шумо фикр накунед, ки Аҳмадхонови бесавод чӣ гуна ба ГИТИС шомил шуд. Дар гурӯҳи мо аз ман ҳам бесаводон буданд. Як воқеаро нақл мекунам.  Баъди хатми курси як, яке аз ҳамкурсонам, ки номашро намегӯям гуфт:

-Аҷаб дар Маскав хондан хуб будааст, кас бисёр чизҳоро ёд мегирад.

-Масалан, ту чиро ёд гирифтӣ? — пурсидам ман.

Гуфт:

-Мисол, фаҳмидам, ки Пушкин занак неву мардак будааст.

-Барои чӣ хаёл кардӣ, ки ӯ зан аст.

Гуфт:

-Аввал ин ки мӯйи сараш ҷингила.Баъд муалллимаи русӣ гуфта буд, ки“окончания на -а и -я это женский род”. Дар китоб ҳам омадааст: “Творчество Александра Пушкина…”

Хишти аввал

Мо 20 нафарро ба Маскав бурданд ва дар он ҷо имтиҳони такрорӣ гирифта, боз 9  нафари дигарро гардониданд. Аҷиб он буд, ки ҳамонҳоеро қабул накарданд, ки маҳорат доштанд… Ҳамин тавр, мо 11 навар дар курси як ба таҳсил оғоз карда,  то курси сеюм 20 нафар шудем.

Ман зиёд фикр мекардам, ки чаро маҳз мо – онҳоеро, ки  саводи казоӣ надоштанд, қабул карданд. Баъдан, посухи ин суолро пайдо кардам. Устодони мо мехостанд, ки моро аз сифр созанд, хишти аввалро дуруст ва мустаҳкам гузоранд ва ин ба онҳо муяссар ҳам шуд. Зеро дере нагузашта, аз гурӯҳи 20-нафараи мо 8 нафар стипендияи сталинӣ мегирифт, ки аз маоши муаллимон боло буд. Аввалин стипендиат Ҳабибулло Абдураззоқов буд. Се нафари дигари мо стипендияи Станиславскийро мегирифтанд. 6 нафари мо институтро бо дипломи аъло хатм карданд: Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдураззоқов, Марям Исоева, Маҳмудҷон Воҳидов, Тамара Абдушукурова…

Ин нафарон баъдан барои санъати тоҷик хизматҳои зиёде карданд ва карда истодаанд.

Нафари 20-ум

Нафари 20-уме, ки ба гурӯҳи мо пайваст, Маҳмудҷон Воҳидов буд, ки аз ҳамаи мо хурд буд, аммо, пеш аз ҳама, ҷон ба ҷонофарин супорид. Ӯ хеле кунҷоков буд ва бо вуҷуди он ки дар курси се ба мо пайваст, зуд ба ҳама баробар шуд. 

Як рӯз устодамон профессор Олга Ивановна Пижова як шеър хонд:

Чтоб мудро жизнь прожить, знать надобно не мало,

Два важных правила запомни для начала:

Ты лучше голодай, чем что попало есть,

И лучше будь один, чем вместе с кем попало.

-ва пурсид:

-Ин шеъри кист?

Мо надонистем. Ӯ моро сарзаниш карда гуфт:

-Аз Умари Хайёми шумо аст, — ва моро талқин кард, ки адабиёти бою рангинамонро омӯзем.

Фикр мекунам таваҷҷуҳи Маҳмудҷон ба Хайём аз ҳамин ҷо шурӯъ шуд ва билохира то ба “Гуфтугӯ бо худ” расид…

Гапаке ояд, наистед хапаке

Баъди хатми институт моро ба Театри Пушкини Хуҷанд фиристоданд. Театр дар як бинои якқабата ҷойгир буд. Чун ин театр мазҳакавӣ -мусиқӣ буд, мардум одат карда буданд, ки ҳар вақт, ки хоҳанд хезанд, рафта оянд, самбӯса хӯранд, гап зананд… Мо чандин маротиба бозиро қатъ карда, тартиби нишастан дар театрро мефаҳмонидем. Мақола навишта чоп кардем, яъне бетараф набудем. Ҳамон замон ман бо шӯхӣ гуфта будам:

Гапаке ояд, наистед хапаке,

Ҳамчу гамбӯсаки зери тапаке

Бо вуҷуди ин, он театр барои  мо мувофиқ набуд, чанд нафар аз ҳамкурсонамон ариза навиштанд, билохира моро ба Театри Лоҳутӣ гузарониданд…

Паёми Раҳим Ҷалил ба Назаров

Вақте ба Душанбе омадем, китоби “Ман гунаҳгорам”-и Ҷалол Икромӣ чоп шуда, дар ҷумҳурӣ насими тоза мевазид. Дар он шабурӯз  атрофи китоби Ҳабибулло Назаров «Дар ҷустуҷӯйи Карим Девона»  баҳсу мунозира шурӯъ шуда буд. Он китобро хонда, ман як асар навиштам ва бо Ҳабибулло Абдураззоқов, ки саррежиссёри Театри Хуҷанд таъин шуда буд, онро ба саҳна гузоштем. Рӯзи қабули намоиш устод Раҳим Ҷалил гуфтанд:

— Ман акнун моҳияти санъат, чӣ будани театрро фаҳмидам, — ва амр фармуданд, — ба Душанбе рафта, ба Ҳабилло Назаров ҳатман салом гӯед.

Ба Душанбе омадем, Ҳабибулло Назаров бемор буданд. Чун саломи Раҳим Ҷалилро расонидем, он кас гуфтанд:

-Бовар намекунам, зеро мо солҳост ногапем.

 Санъат чунин хусусият дорад, инсонҳоро муттаҳид мекунад…

Чаро театр намеоянд?

Ба ман зиёд суол медиҳанд: “Барои чӣ мардум ба театр намеояд?” Сабабҳо зиёд аст. Солҳое, ки театр пур мешуд, дигар воситаи эҷодӣ набуд. Сабаби дигари дур шудани мардум аз театр нохушиҳои солҳои 90-уми асри ХХ аст, ки дар афкори мардум таъсири манфӣ расонид ва онҳоро аз маънавиёт дур кард. 

Дигар ин ки дар даврони шуравӣ театрро давлат таблиғ мекард, ҳоло таблиғот нест. Дар Юнон вақте ба мардум моҳона медоданд, як сӯми театрӣ ҳам медоданд, ки он фақат дар театр ба кор мерафт. Театр ба давлат хизмат мекунад, бинобар ин, бояд давлат ҳам театрро дастгирӣ кунад. 

Устодон мегуфтанд, ки дар вақташ худи Бобоҷон Ғафуров омада, намоишномаҳоро тамошо карда, фикру мулоҳизаҳояшонро мегуфтанд, камбудиҳоро дида, ислоҳ мекарданд.

Асари нағз нест

Суоли охир, ки  бештар мепурсанд: “Чаро дар театр асарҳои нағз каманд?” Асари нағзро нависанда менависад. Барои ин ҳавасмандӣ бояд бошад. Дар замони шӯравӣ ҳаққи муаллиф аз 2,5 то 3 ҳазори советӣ буд, ки  ба 4000 доллар баробар буд. Ҳоло ба муаллиф 2,5 ҳазор сомонӣ медиҳанд, ки якрӯза хӯроки баъзе рафиқон аст.

Агар Театри Лоҳутӣ пур шавад, даромадаш дар як намоиш 5000 сомонӣ мешавад. Муаллифи бечора 3-4 сол асар менавасад ва ними даромади якшаба спектаклро мегирад. Чаро нависад?

Айни замон камтарин моҳона, моҳонаи театр аст. Дар театр моҳонаи ҳатто 1000 сомонӣ нест. 700, 800, 900 ҳаст, аммо 1000 не.

Магар бо шиками гушна театри хуб сохта мешавад? Худ қазоват кунед. Композитор Салери ба Бетховен мегӯяд: “Ту Худо ҳастӣ. Ту бузургу беназирӣ…” Бетховен бепарво мегӯяд: “Бузургии ман гурусна мондааст, биё рафта хӯрок хӯрем”.

Бо вуҷуди ин, ман шиква надорам. “Шиквае аз ту надорам, асри ман”. Бо вуҷуди ин мо кор мекунем. Сарулибоси 10 сол пешро даронида, барои спектакли нав медӯзем. Декоратсияҳои куҳнаро шикаста, декоратсияи нав месозем ва кор мекунем, то тамошобин ояд ва ғизои маънавӣ гирад…

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *