Тӯрахон озод шуд, аммо ҷавобгар мешавад?
Тӯрахон Нурматов, чӯпони рабудашудаи тоҷик баъд аз 53 рӯз аз асорати қочоқбарони афғон озод карда шуд.
Қочоқбарон Нурматовро рӯзи якуми январи имсол дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон рабуданд.Чӯпон рӯзи ҷумъаи 22-юми феврал дар пай як амалиёти нерӯҳои интизомии Тоҷикистон аз асорати қочоқбарони афғон раҳо карда шуд. Тафсилоти бештари ин амалиёт аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон то ба ҳол шарҳ дода нашудааст. Айни ҳол маълум нест, ки амалиёти озодсозии ин чӯпони тоҷик дар қаламрави Афғонистон сурат гирифтааст ё дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон. Моҳи гузашта Тӯрахон Нурматов дар тамоси телефонӣ бо наздиконаш гуфта буд, ки дар қаламрави Афғонистон қарор дорад. Гурӯҳе, ки Нурматовро рабуда буданд, бар ивази озодии ӯ аз як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 40 ҳазор доллар талаб доштанд. Маблағе, ки ба иддаои онҳо, аз фурӯши маводи мухаддир дар дасти шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондааст.Ин гурӯҳ бо хонаводаи Тӯрахон Нурматов ба рақами телефоне тамос мегирифтанд, ки аз Абдуғаффор Қурбонов, соҳиби рамаи гӯсфандон гирифтаанд. Қочоқбарон иддао доштанд, ки бародарзодаи Қурбонов қарздор аст.Абдуғаффор Қурбонов, сокини деҳаи Мишкорони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қаблан дар сӯҳбат бо раоснаҳо гуфта буд, нисфирӯзии 1-уми январ се силоҳбадаст ба чарогоҳи гӯсфандони ӯ омаданд. Ба гумонаш касе кочоқбаронро ҳадафмандона ба чарогоҳ роҳнамоӣ кардааст, то қасоси бародарзодаашро аз ӯ ситонанд. Мақомот мегӯянд, ҳодисаҳои гаравгонгирӣ дар марз бо Афғонистон дар муқоиса ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст. То соли 2013 соле то ду ё се бор сокинони деҳоти наздимарзӣ аз ҷониби кочоқбарон рабуда мешуданд,ки аксар мавриди ин гаравгонгирҳо ба кочоқи маводи мухаддир рабт дода мешуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ