Тақвими рӯз: Аз таъсиси “Бавария” то нашри маҷаллаи “People”

27 феврали соли  1900 дастаи футболи «Бавария» таъсис дода шуд.

Соли 2000 интихоботи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2010 дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка барои мақоми сеюми мусобиқаи Ҷоми даъватии КФО миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Мянма бозии футбол баргузор гардид.

Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ  «Дар бораи гаравхона (ломбард)»-ро қабул намуд.

Соли 2014 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди минтақаҳо» Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид.

Соли 2015 Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шуд.

Соли 2017 баъди анҷоми музокироти байнидавлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна Созишнома ба имзо расид.

Соли 1974  дар Ню-Йорк аввалин шумораи маҷаллаи “People” бо теъдоди 1 миллион нусха аз чоп баромад, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ситораҳои санъат нақл мекард.

Ҳамчунин дар имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Соли 1933 — ходими намоёни фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳмон Раҳимов.

Соли 1941 — доктори илмҳои филологӣ, профессор, ходими давлатӣ Абдунабӣ Сатторзода.

Соли 1963 – шоира Гули Зард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *