Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Ҷонибеки Акобир то таъсиси клавиатураи тоҷикӣ

Имрӯз инҳо зодрӯз доранд:

Ҷонибеки АКОБИР (1952-2014), 70-солагии зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Набиҷон САТТОРӢ (1917-1986), 105-солагии зодрӯзи адабиётшинос, олими соҳаи филология.

Раҳимҷон ҲОШИМОВ (1947), 75-солагии зодрӯзи олими соҳаи тиб.

Юно ДОДХОЕВ (1917-2002), 105-солагии зодрӯзи доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Ҷонибеки Акобир кист?

Ҷонибеки Акобир — нависанда, тарҷумон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1984), 5-уми ноябри соли 1952 дар деҳаи Рӯшании ноҳияи Дарбанд (собиқ Комсомолобод) ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаб-интернати №2-и шаҳри Душанбе гирифта, баъди адои хидмати ҳарбӣ факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (1986) хатм кардааст. Муддате коргари фабрикаи қаннодии «Ширин», баъдан мусаҳҳеҳи нашриёти «Ирфон» (1971-1978), мухбири ТоҷикТА (1978-1980), мухбири рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» (1980-1983), корманди ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1983-1985) ва журнали «Садои Шарқ» будааст. Соли 1992 дар Дафтари матбуоти Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, соли 1993 дар вазифаи сармуҳаррири моҳномаи «Фарҳанг» кор карда, аз соли 1997 то дами фавташ (2014) сармуҳаррири моҳномаи «Садои Шарқ» будааст.

Оғози фаъолияти эҷодии ӯ ба миёнаи солҳои ҳафтодуми асри гузашта рост омада, силсилаи ҳикоёти ӯ дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Дунё ба умед» (1983), «Хирмани ситора» (1985), «Куҳистонӣ» (1987), қиссаи «Бозии тақдир» ва ҳикояҳои наваш дар китоби «Пазмонӣ» (1990), «Оҳанги дареғ» (2003) ва «Қаламҳои куҳистонӣ» (2012) манзури ҳаводорони каломи бадеъ гардидаанд. Асарҳои алоҳидаи Ҷонибеки Акобир ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, олмонӣ, ветнамӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд. Тарҷумаи қиссаи И. Тургенев «Фауст», ҳикояҳои алоҳидаи А. Шукшин, новеллаҳои чехӣ, афсонаҳои маҷорӣ, силсилаи ҳикояҳои адиби югославӣ И. Андрич, қиссаи нависандаи румин И. Биэшу «Майор ва марг», романи П. Проскурин «Решаҳои урён» ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Соҳиби Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1990), Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (2005), Ҷоизаи байналмилалии адибони форсизабон «Ялдо» (2004) мебошад.

Аз таърихи Тоҷикистон:

— Соли 1964 дар шаҳри Душанбе кинотеатри «Ҷомӣ» ифтитоҳ ёфт. Пас аз 52 сол давраи нахустин кинотеатри панорамӣ дар пойтахт ба охир расид: он соли 2016 тахриб шуд. Ҳоло дар ҷои он боғ барпо карда шудааст.

— Соли 1964 дар Душанбе муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ифтитоҳ ёфт.

— Соли 1964 дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи Душанбе кушода шуд.

— Соли 2007 аввалин клавиатура ба забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон пайдо шуд.

— Соли 2008 шабакаи нави иттилоотии телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва радиостансияи нави «Фарҳанг» дар Ҷумҳурии Тотористон ба фаъолият оғоз карданд.

Имрӯзи таърих:

— Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии огоҳӣ аз сунами аст. Ин сана бо ташаббуси Ҷопон, ки дар минтақаи осебпазири зилзила воқеъ аст, интихоб шудааст. Интихоби сана бо достони «Инамура-но-хи» дар бораи деҳқоне, ки 5-уми ноябри соли 1854 барои наҷот додани сокинони деҳаи худ молу мулки худро қурбон кардааст, алоқаманд аст. Вай киштзорашро оташ зада, сокинони деҳаро аз хатар огоҳ кард, ки ба шарофати ин онҳо халос шуданд.

— 5-уми ноябри соли 1967 дар Останкино маркази телевизионӣ ба истифода дода шуд. Лоиҳаи манораи телевизионии машҳур ва дар он вақт баландтаринро 28 ташкилоти лоиҳакашӣ, тадқоқоти илмӣ ва бюрои конструкторӣ тартиб додаанд. Мувофиқи идеяи пурраи муаллифи лоиҳа Николай Никитин, танҳо қисми болоии мавҷгир дар дарозии манораи Шаболовская баробар буд ва баландии умумии он 540 метр буд. Вазни умумии манора бо таҳкурсӣ қариб 51,5 тоннаро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *