Таҷлили Рӯзи модар дар ДМТ (аксҳо)
Имрӯз, 4-уми март бахшида ба Рӯзи модар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Нахуст, аз номи роҳбарияти донишгоҳ ҳамчун рамзи эҳтиром ба зиёда аз сесад нафар бонувон гулҳои баҳорӣ тақдим гардид.
Ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода зимни сухани табрикӣ гуфт, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва нақши онҳо дар инкишофи тамаддуни фарҳанги миллӣ басо бузург аст.
“Бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои мушаххас, қабул кардани барномаи давлатӣ оид ба ҷо ба ҷо гузории кадрҳо аз ҳисоби занон, бунёди хобгоҳҳо барои донишҷӯдухтарон, ҷудо намудани гранти Президентӣ барои институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, қабули духтарон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбӣ амалӣ шуда истодаанд”,-таъкид дошт ректор.

Дар идомаи чорабинӣ Рафиқа Мусоева, вакили Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфия Абдухолиқзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кароматуллои Қурбон, декани факултети биологияи донишгоҳ суханронӣ намуда, бонувони кишвар ва дар симои онҳо устодону кормандони донишгоҳро бахшида ба Рӯзи модар табрик намуданд.







Гуфта шуд, ки мавқеи зани тоҷик дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва фаъолияти онҳо дар рушди босуботи кишварамон назаррас мебошад. Занону модарони тоҷик, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот ҳаёт ба сар мебаранд, бояд он донишу малакае, ки доранд, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани хеш сарф намояд.
Чорабинӣ бо қадрдонии мукофотҳои соҳавӣ ба омӯзгорони донишгоҳ ва пешниҳоди барномаи фарҳангӣ анҷом пазируфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ