Шинос шавед: Се мудири нав дар ДТТ
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мудири се кафедра аз вазифаашон барканор шуданд.
Ҳамин тариқ, Момагул Темурова — мудири кафедраи забонҳо, Абубакр Насриддинов — мудири кафедраи физика ва Саидаҳмад Нарзуллоев — мудири кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарор таъин гардиданд.
“Имрӯз,14 январ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо масъулини навтаъин суҳбат ороста, ба онҳо дар пешбурди фаъолияти кафедраҳо муваффақият таманно кард. Инчунин, барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир супоришҳои мушаххас дод”,-иттилоъ медиҳад раёсати донишгоҳ.
Гуфта мешавад, ки мудирони тозатаъин дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ сурат гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ