Тағироти кадрӣ дар мақомоти суди Тоҷикистон
Бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси суди шаҳри Хуҷанд ва чанде дигар аз мақомашон барканор шуданд.
Дар фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 18-уми майи соли равон омадааст:
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Шарифзода Мавҷуда Рауфи аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд,
Мирбобозода Ҳабибулло Муҳамадаюбӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.
2. Давлатзода Искандар Саъдулло аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон,
Расулзода Муҳаммад Аслидин аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон,
Ализода Эраҷ Асатулло аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд,
Аминзода Фирӯза Баҳромӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо хоҳиши худашон озод карда шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ