Тағироти кадрӣ дар сохторҳои ВКД. Ном ба ном
Имрӯз, 2-юми феврал Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳибтаҷриба, кордону болаёқат ба вазифаҳои зерин таъин гардиданд.
Аз он ҷумла:
— полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ;
— генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ба вазифаи сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— генерал-майори милитсия Раҳмонзода Сайнахш Ҳаким ба вазифаи сардори Муассисаи нақлиётии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло ба вазифаи сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— полковники милитсия Маҳмадҷонзода Саидаҳмад Одинамаҳмад ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— полковники милитсия Мирализода Абдуҷаббор Азизулло ба вазифаи сардори Раёсати таъминоти моддӣ, техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— полковники милитсия Қаҳҳорӣ Ҳабиб Абдураҳим ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон ба вазифаи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— подполковники хизмати дохилӣ Раҳимзода Давлатбӣ Алам ба вазифаи сардори Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— полковники милитсия Ҳотамзода Саидаҳтам Саидмукарам ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— полковники милитсия Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа ба вазифаи муовини сардори раёсат, ӯ низ сардори Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб;
— полковники милитсия Муҳидинзода Даврон Ҳакимҷон ба вазифаи муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон;
— полковники милитсия Бурҳониён Олимҷон Палвон ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон;
— полковники милитсия Ҳайдарзода Шералӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
— подполковники милитсия Назарзода Манучеҳр Исломиддин ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон;
— полковники милитсия Саидзода Зафар Саид ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон;
— подполковники милитсия Иброҳимзода Камолиддин Абдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон;
— майори милитсия Юсуфзода Абдусаттор Ғайратшоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон;
— подполковники милитсия Шодизода Ҷамшед Шодӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ;
— подполковники милитсия Абдуллоев Сулаймон Қурбонович ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рушони ВМКБ;
— подполковники милитсия Каримӣ Раҳматуллои Расулзода ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Раёсати ВКД дар нақлиёт;
— подполковники милитсия Қаландарзода Алиҷон Қурбонбой ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиётбудаи вилояти Суғди Раёсати ВКД дар нақлиёт;
— майори милитсия Самадзода Раҷабалӣ Файзалӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд;
— подполковники милитсия Бурҳонзода Зокир Бурҳон ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки вазифаи ҳар корманди Вазорати корҳои дохилӣ- ин пеш аз ҳама, таъмини волоияти қонун, сулҳу суботи комил, амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳама гуна қонунвайронкунӣ, мубориза бар зидди қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии замин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳама гуна омилҳои халалдоркунандаи оромиву субот дар мамлакат ва донистани ду забони хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.
«Содиқона ва поквиҷдонона ба халқу Ватани худ хизмат намоед!», — таъкид намудааст Президенти мамлакат дар интиҳои суҳбат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ