Тағйирот дар қонун. Маоши кӣ 20% зиёд мешавад?

Ба маоши вазифавии кормандоне, ки дар ҳодисаҳои сӯхтор дар шароити барои саломатӣ зараррасон хизмат мебаранд, ба андозаи 20 дарсад иловапулӣ пешбинӣ карда шуд.

Дар ин хусус зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» дар ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, гуфта шуд.

 Мақсади таҳияи ин лоиҳа ба танзим даровардани фаъолияти Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, таъмини назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар биною иншоот, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва бехатарии шаҳрвандон мебошад арзёби шудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *