Тағйирот дар ҳизбҳои сиёсӣ.Ё анҷуманҳои ғайринавбатӣ чӣ паёмад доранд?
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) хабар медиҳад, ки рӯзи 23 июл анҷумани ғайринавбатӣ баргузор менамояд. Тибқи иттилоъи ба мо расида дар ин анҷуман ҳайати роҳбарии ҳизб иваз хоҳад шуд.
Ғаффоров: Синну солам ба ҷое расидааст
Гуфта мешавад, ки дар анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб раис бо муовинонаш барканор мешаванд ва номзадҳои нав пешбарӣ хоҳанд шуд.
Абдуҳалим Ғаффаров зимни суҳбат ба мо гуфт: “Ман дар анҷумани ғайринавбатӣ ширкат меварзам ва боз номзадиамро ба раисии ҲСТ пешниҳод мекунам. Агар аъзо қабул кунанд, ба кор идома медиҳам. Агар шахси арзандаи дигар пайдо шавад, мебинем. Синну соли ман ҳам ба як ҷо расидааст…”.
Аммо Абдуҳалим Ғаффоров сабаби баргузории анҷумани ғайринавбатӣ ва омили барканоршавии раис ва муовинонашро шарҳ надод.
Ҳамчунин, нагуфт, ки ба курсии раис ва муовинони ҳизб боз киҳо номзад ҳастанд. “Нафарони арзанда пайдо мешудагистанд. Рӯзи анҷуман маълум хоҳад шуд”,- гуфт Абдуҳалим Ғаффоров.
Абдуҳалим Ғаффорови 74-сола аз соли 2004 инҷониб раиси ҲСТ аст ва 3 бор — дар солҳои 2006, 2013 ва 2020 номзад ба курсии президенти Тоҷикистон буд. Дар ду давраи ахир ӯ узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аст.
ҲИИТ: Раис иваз намешавад
ҲИИТ низ рӯзи 20-уми июл анҷумани ғайринавбатӣ баргузор мекунад. Тибқи маълумоти расмӣ, масъалаи барканории раис ҳизб дар дастури корӣ нест. Балки дар ин анҷуман фаъолияти як соли охири ҳизб ва нақшаҳои ояндаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар ин бора Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода, вакили парлумон аз ҳизб хабар медиҳад.
Сабақи ҲДТ
ҲДТ чанд моҳи охир дар сархати расонаҳои Тоҷикистон қарор дорад. Бо баргузории анҷумани ғайринавбатӣ Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор ва Шаҳбоз Аброрро ба маснади раисӣ интихоб карданд. Ин тағйирот дар шароите сурат гирифт, ки баъди чанд рӯз раиси собиқи он Усмонзода аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” боздошт гардид.
Вазъи куллӣ
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунанд, ки аз он 6 ҳизби сиёсӣ дар парлумони кишвар намоянда доранд. Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳоло барои интихоботи парлумонӣ, ки қарор аст соли оянда баргузор шавад, омодагӣ мебинанд. Ҳоло, бо таваҷҷуҳ ба синну соли баланди раисони ҲСТ ва ҲКТ, эҳтимол дорад, ки дар анҷумани ояндаи ҳизбҳо масъалаи ивази онҳо бо шахсиятҳои ҷавонтар матраҳ шавад.
О. Соҳибзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ