Тағйирот дар парвандаи “Крокус”

Муҳлати ҳабси чор шаҳрванди Тоҷикистон — гумонбарони асосӣ дар парвандаи амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” бо қарори Суди Басманнийи шаҳри Москва се моҳ дароз карда шуд.

— Дар он гуфта шудааст, ки нисбати Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов чораи пешгирии қаблӣ дар шакли таҳти ҳабс қарор доштан то 22-юми феврали соли 2025 дароз карда шавад,- менависад хабаргузории ТАСС.

Ёдовар мешавем, ки ин бори сеюм аст, ки муҳлати ҳабси гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” тамдид мешавад.

Ҳамчунин, парвандаи чор гумонбари ҳодисаи “Крокус” тағйир дода шуд. Инҳо Исроил бо ду писараш — Аминҷон ва Диловар Исломовҳо ва Алишер Қосимов ҳастанд, ки қаблан бо гумони амали террористӣ дастгир шуда буданд. Хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, ки парвандаи ин чор гумонбар ба “ҳамдастӣ дар амали террористӣ иваз карда шудааст”.

Мақомоти Русия Исроил Исломов ва ду писари ӯ — Диловар ва Аминҷон Исломовҳоро ба он айбдор мекунанд, ки ба гумонбарони асосии ҳамла автомашинаи Renault-ро фурӯхтаанд, ки дар рӯзи содир шудани ҳодиса гумонбарони асосӣ бо он равуо доштаанд. Ҳамчунин онҳо ба огаҳӣ аз амали террористӣ айбдор мешаванд. Гумонбари дигар Алишер Қосимов барои ба иҷора додани манзил ба гумонбарони асосии ҳамла айбдор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Ҳолл”-и Москва 22-юми марти соли 2024 рух дод, ки дар натиҷа 145 нафар ба ҳалокат расида, беш за 550 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тибқи иттилои Хадамоти федералии амнияти Русия дар пайванд ба ин парванда 20 нафар боздошт шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *