Тағйироти кадрӣ: Бародари Нусратулло Давлатзода ба кори дигар гузашт
Маҳмадӣ Давлатов аз вазифаи директори Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд барканор шуда, дар як вазифаи калидии мақомоти андоз таъин шудааст. Ин тағйироти кадрӣ дирӯз, 1-уми декабр сурат гирифтааст.
Раҷаббой Аҳмадзода — раиси вилояти Суғд бо қабули қарор ба ҷойи Маҳмадӣ Давлатов Ғайбулло Муҳиддиновро директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд таъйин намудааст.
Ин хабарро Мурод Ашӯров, сардори маркази матбуоти Агентии “Тоҷикстандарт” низ ба Pressa.tj тасдиқ кард ва гуфт, ки Маҳмадӣ Давлатов ҳоло муовини сардори Раёсати андози вилояти Суғд таъин гардидааст.
Гуфта мешавад, ки Ғайбулло Муҳиддинов 11-уми феврали соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Филиали Донишкадаи технологӣ дар шаҳри Хуҷандро аз рӯи ихтисосҳои информатика ва технологияи ҳиссоббарорӣ ва технологияи маҳсулоти хӯроки умум хатм намудааст.
Номбурда фаъолияти кориро аз соли 2000-ум ба сифати мутахассис дар Маркази Тоҷикистандарт оғоз намуда, то вазифаи сардори шуъбаи стандартонӣ ва бамеъёргузории техникӣ расидааст.
Ғайбулло Муҳиддинов, бародари Ҳабибулло Муҳиддинов, сардори Раёсати тандурустии Суғд гуфта мешавад, ки як моҳи пеш бо фармони вазири тандурустӣ ба ин вазифа таъйин гардид. То ин замон дар ин мақом Фаррух Мақсудзода фаъолият мекард.
Маҳмадӣ Давлатов бошад, бародари раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода аст. Ӯ аз 28-уми майи соли 2018 дар мансаби директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд фаъолият дошт. 19-уми феврали соли 1976 дар ноҳияи Совети вилояти Хатлон (ҳоло Темурмалик) таваллуд шуда, соли 1998 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Ӯ асосан фаъолияташро дар сохторҳои нозироти андоз дар вилояти Суғд оғоз намуда, то мансаби муовини раиси шаҳри Хуҷанд расидааст. Дар сохторҳои андози вилояти Суғд низ асосан дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ