Тағйироти кадрӣ дар чанд ноҳияи Тоҷикистон
Дар ҳукумати кишвар имрӯз чанд таъйиноти кадрӣ сурат гирифта, бар асоси он Баҳоваддин Баҳодурзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъйин шудааст.
Ӯ дар ин мақом ҷойи Сулаймонзода Акрам Раҳимро иваз намуд.Сулаймонзода, 30 январи соли ҷорӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамен барканор ва раиси шаҳри Исфара таъйин шуда буд.Зимнан бо омадани Баҳодурзода ба шаҳри Исфара ба кадом вазифаи давлатӣ таъйин шудани Сулаймонзода дақиқ нест. Баҳодурзода то ин замон муовини раиси вилояти Суғд буд.Баҳоваддин Баҳодурзода 10 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси мутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд оғоз намудааст.Дар солҳои гуногун дар вазифаҳои машваратчии Раёсати адлияи вилояти Суғд, машваратчии калони Раёсати адлияи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд ва нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов кор кардааст.Аз соли 2013 то 14 феврали соли 2019 дар вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд фаъолият дошт.Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 феврали соли 2019 муовини Раиси вилоят таъин гардида буд.Бо фармони раисиҷумҳур, аз 24 ноябр иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъйин шудааст.
Ҳамчунин,бо фармони Эмомалӣ Раҳмон , раиси шаҳри Хоруғ Шамиров Кишвар Ғуломрасулович аз вазифа барканор гардид. Ба курсии раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Мирзонабот Алишер Худобердӣ такя зад.
Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикистон, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Шарифзода Лутфия ба мақоми раиси ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон таъйин гардид.Гуфта мешавад, Шарифзода дар ин симмат Амиршозода Тоҳирхон Темирро иваз кард.
Раисони ноҳияҳои Файзобод ва Шаҳринав низ бо фармони кишвардори Тоҷикистон иваз карда шуданд. Ба ҷойи Раҷабзода Миралӣ раиси ноҳияи Файзобод, Холзода Бобишо таъин гардид.Раиси Шаҳринав Аюбзода Нусратулло аз мақом сабукдӯш ва ба ҷойи ӯ Носирзода Ҷаббор интихоб гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ