Тағйироти кадрӣ дар Хатлон: 11 муовин иваз шуданд
Муовинони нави раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Балҷувон, Носири Хусрав, Хуросон, Шамсиддини Шоҳин, Шаҳритус, Восеъ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун таъйин гардиданд.
Ахиран иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо кадрҳои навтаъини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидору гуфтугӯ кард.
Мансабдорони нав дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон таъин шудаанд. Дар ҷаласа Давлаталӣ Саид таъкид кардааст, ки кадрҳои навтаъиншуда бояд барои ба боварии роҳбари давлат ва мардум сазовор будан ва иҷроиши саривақтии вазифаву уҳдадориҳо, дастуру супоришҳо тамоми донишу маҳорати худро истифода кунанд.
Ҳамзамон, дар ин ҷаласа масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии насли наврас аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ташкил намудани вохӯриҳои иттилоотӣ ва мусоидат дар баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонону наврасон баррасӣ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ