Тағйироти кадрӣ дар Хатлон. Директори бойгонӣ иваз шуд

Имрӯз, 13-уми июли соли 2023 бо қарори раиси вилояти Хатлон Фирӯз Юсуфзода директори Бойгонии давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъин гардид.

Ӯ то таъин шудан ба ин вазифа сардори Раёсати зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон буд.

Дар муаррифии Фирӯз Юсуфзода — дирктори навтаъини бойгонӣ Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон иштирок кардааст.

То ин замон Гулзода Муниса ба ҳайси директори Бойгонии давлатӣ фаъолият мекард. Як манбаъ аз идораи мавриди назар гуфт, ки “агар хато накунам, ӯро муовини сардори Раёсати занон ва оила дар вилоят таъин кардаанд».

Феълан курсии Раёсати зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлонро кӣ соҳиб шудааст, маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *