Тағйироти кадрӣ дар КҲФ
Котиби Шӯрои Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода раҳбарияти нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаро муаррифӣ кард.
Бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 10 март дар сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тағйироти кадрӣ сурат гирифт ва муовинони Раиси кумита иваз шуданд.
Ҷонишини аввал ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои худ барканор шуда, ба ҷои онҳо, ба вазифаи муовини аввал Латифзода Ҳотамшо ва ба визифаи ду мовини дигар полковникҳо Исозода Сулаймон ва Иброҳимзода Эмомалӣ таъин шуданд.
Навтаъиншудаҳоро котиби Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ба ҳайати шахсӣ муаррифӣ намуд. Дар вақти муаррифӣ генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси кумита ва ҳайати роҳбарикунандаи гарнизони Душанбе иштирок намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ