Тағйироти кадрӣ дар Кӯлоб
Сардори Раёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб иваз шуд.
Бо қарори раиси вилояти Хатлон Дилшоди Давлаталӣ сардори Раёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб таъин гардид.
“Раиси вилояти Хатлон имрӯз, 3 декабр зимни суҳбат кадри навтаъинро ба мушкилоте, ки дар соҳаи кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб ба назар мерасанд, ҷалб намуда, барои бартараф намудани онҳо ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ дастуру ҳидоятҳо дод”,- иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ