Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи идораи замин. Диловар Пирзода кист? (аудио)
Зимни як тағйироти кадрӣ раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон иваз шудааст.
Дар мувофиқа бо раиси вилояти Хатлон тибқи қарорҳои раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Фатҳулло Ҳурматзода бо хоҳиши худ аз вазифаи раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон озод гардида, ба вазифаи мазкур Пирзода Диловар таъин шудааст.
“Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода дар толори Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Диловар Пирзодаро ба кормандон ва раисони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят муаррифӣ намуд”,- иттилоъ доданд аз кумитаи мазкур.
Диловар Пирзода кист?
Пирзода Диловар Атохон соли 1981 таваллуд шуда, соли 2002 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатишро аз соли 2003 ба ҳайси иқтисодчии шуъбаи кадастри замини Институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷикзаминсоз» оғоз намуда, то соли 2010 дар вазифаҳои мухталифи Институти мазкур кор кардааст.
Солҳои 2010-2016 раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Восеъ, солҳои 2016-2020 раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, аз моҳи апрел то моҳи июни соли 2020 мудири бахши таҳияи сиёсати ягонаи замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, солҳои 2020-2022 раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб буд.
Аз соли 2020 то таъин шудан ба вазифаи раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб фаъолият дошт.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ