Тағйироти кадрӣ дар мақомоти суд, прокуратура ва Гвардияи миллӣ
Имрӯз, 29 феврал дар ҳайати роҳбарии Суди олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ ва Гвардияи миллӣ тағироти кадрӣ сурат гириф.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азаматзода Баҳриддин Вайсиддин Сардори Сарситод-муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобозода Лутфулло Нусратулло муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ, Давлатзода Талбидагӣ Халифа муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус таъйин гардиданд.
Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон низ иваз шудаанд.
Сардорони якчанд раёсатҳо ва командирони баъзе қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои иваз шудаанд.
“Ба пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва таъйин намудани муовини аввал ва муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 феврали соли 2024 аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ дода шуд ва имрӯз фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус ба имзо расиданд. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз ҳисоби кадрҳои соҳибтахассус ва корозмудаи ин соҳа сардорони се раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд”,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ