Тағйироти кадрӣ дар соҳаи дипломатияи Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 апрел дар сохторҳои вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва дар сохторҳои низомӣ як силсила тағйироти кадрӣ анҷом дода, бо кадрҳои навтаъйин мулоқот кард.
Аз ҷумла бо фармонҳои президент аз 27 апрел, “бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон” Имомӣ Содиқ Ашӯрбойзода аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Исроил ва Маҳмадаминов Маҳмадин Бозичаевич аз мақоми намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал озод карда шудаанд. Исми сафири нави Тоҷикистон дар Тошканд ва ҳамчунин ба кадом кори дигар гузаштани Маҳмадаминов ҳанӯз маълум нест, вале дар иттилои расмӣ гуфта мешавад, ки Ҳикмат Ҷонибек Исмоил бо фармони президент Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милал дар Ню-Йорк таъйин шуда, Содиқ Имомӣ, Шерализода Шараф Аҳмадҷон ва Фарҳод Салим, писари Абдулмаҷид Достиев, ки то кунун сафири Тоҷикистон дар Амрико буд, бо қарорҳои ҳукумат муовинони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ