Тағйироти кадрӣ: Дар Суғд муовинони шаҳру ноҳияҳо иваз шуданд
Дар якчанд шаҳру ноҳияи вилояти Суғд санаҳои 8-9-уми феврал тағйироти кадрӣ сурат гирифта, кадрҳо муаррифӣ шуданд. То ҳол дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо муаррифӣ гардиданд.
Ҳамин тариқ, дар шаҳри Истиқлол бо мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2023 Ниёззода Муҳаммад ба ҳайси муовини раиси шаҳр оид ба самти идеологӣ ва Шуҳратзода Давлатбек ба ҳайси муовини раиси шаҳр оид ба самти иқтисодиёт таъин шуданд. Онҳоро мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят Ғолибҷон Шарифзода санаи 9-уми феврал муаррифӣ намуд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳакимзода Ҳомидҷон ба ҳайси муовини якуми раиси ноҳия ва Юсуфӣ Акбар аз вазифаи раиси дастгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озод карда шуда, муовини раиси ноҳия таъйин гардиданд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ низ ду нафар муовинони раиси ноҳия муаррифӣ карда шуданд. Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми феврали соли 2023 Азиззода Музаффар ба вазифаи муовини раиси ноҳия оид ба корҳои иқтисодиёт ва Зокирзода Дилшод ба вазифаи муовини раиси ноҳия оид ба идеология таъйин шудаанд.
Фаррух УСМОНОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ