Тағйироти кадрӣ дар вилояти Хатлон

29 декабр дар дастгоҳи ҳукумати вилояти Хатлон се тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Бо қарорҳои раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, Дадобоев Алишер Тоҳирҷонович, ки то ин вақт муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон буд, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тайъин гардида, Сафарзода Сайфиддин Хайрулло муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят таъйин шуд. Сайфиддин Сафарзода то ин замон директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон буд. Ҳамин тавр, Маҳмадсаид Зуҳурзода, ки ин қаблан дар мақоми сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо фаъолият мекард, бо қарори раиси вилоят мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳ таъйин шудааст.
Вилояти Хатлон бо 3,3 миллион аҳолӣ сераҳолитарин вилояти Тоҷикистон ба шумор меравад. Вилояти Хатлон дар поёни соли 1992 дар натиҷаи муттаҳид кардани ду вилояти Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа таъсис ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *