Тағйироти кадрӣ: Гадозода ва Раҷабзода муовини раиси ноҳияи Панҷ таъин шуданд
Паймона Гадозода ва Мизроб Раҷабзода муовинони раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин шудаанд. Ин ҳам дар ҳолсет, ки чанд моҳ боз раиси ноҳияи Панҷ як муовин дошту халос.
Аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Панҷ ба Pressa.tj гуфтанд, ки Паймона Гадозода муовини раиси ноҳияи Панҷ таъин шудааст. Ӯ то расидан ба ин вазифа сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Панҷ будааст. Мизроб Раҷабзода то таъин шудан ба вазифаи муовини раиси ноҳия директори муассисаи таълимии рақами 18-и ноҳияи мавриди назар буд. Онҳо дар асоси розигии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳман ба ин вазифа таъин шудаанд.
Дар ноҳияи Панҷ чанд моҳ боз раиси ноҳия як муовин дошту халос. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон раисон аз чор то панҷ муовин доранд ва онҳо ҳар соҳаро дар маҳал назорат мебаранд.
Зарифхӯҷа Шоҳиён, раиси ноҳияи Панҷ ҳанӯз моҳи феврали соли 2023 дар нишасти хабарии хеш гуфта буд, ки дар самти муовини раиси ноҳия се ҷойи холӣ доранд. “Мо ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пешниҳод кардаем. Аз онҷо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар пешниҳод шудааст ва рӯзҳои наздик ин масъала ҳал мешавад”,- афзуда буд вай.
Ӯ сабаби аз кор рафтани муовинонро ба нафақа баромадан ва ба кори дигар гузаштан гуфта буд.
Бахтиёр Файзиев, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ дар як суҳбати телефонӣ таъин шудани якбора ду нафар — Паймона Гадозода ва Мизроб Раҷабзодаро ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Панҷ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки онҳо дирӯз ба ин вазифа таъин шудаанд.
“Раиси ноҳияи Панҷ асосан чор муовин дорад. Ҳоло ҷойи як муовини дигар холӣ аст”,- таъкид кард вай.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ