Тағйироти кадрӣ. Киҳо таъйину барканор шуданд?
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии хизмати давлатӣ ва Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ тағироти кадрӣ сурат гирифт.
Ҳамин тариқ, бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сафарзода Суҳроб бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод карда шуд. Ба ин мансаб Расулӣ Барот таъин гардид.
Ҳамчунин, Аҳмадзода Музаффар, муовини директори ин ниҳод бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Камолзода Фирӯз таъйин шуд.
Сафарзода Муҳаммад бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ озод ва курсии ӯро Аҳмадзода Дилноза ишғол кард. Шарифзода Фирӯз бошад, муовини якуми сардори ин ниҳод таъйин шуд.
Ҳамчунин, Ҳилолбӣ Қурбонзода муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон таъин шудааст. Номбурда баъди барканорӣ аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон муддате бекор буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ