Тағйироти кадрӣ: Писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақом озод шуд
Президенти Тоҷикистон бо имзои як амр Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаидро аз вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод кард.
Сабаби ин барканорӣ “ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст, вале кори наваш маълум нест. Феълан, ба ҷойи ӯ ҳам касе таъин нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Амирҷон Маҳмадсаид 5 сол инҷониб дар ин вазифа фаъолият мекард.
Илова бар ин, ӯ аз соли 2014 муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи президент буд. Қаблан ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул низ кор кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ