Тағйироти кадрӣ. Полковник Мирзо Маҳмадӣ ба мақоми дигар гузашт (аудио)
Генерал Мансурҷон Умаров сардори нави Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғдро ба кормандон муаррифӣ кардааст.
Ҳамин тариқ, бо фармони вазири адлияи Тоҷикистон полковник Мирзо Маҳмадӣ сардори идораи зиндонҳои вилояти Суғд таъйин гардидааст. Дар муаррифии мақомдори нави идораи зиндонҳо дар вилояти Суғд генерал Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон иштирок дошт.
Полковник Мирзо Маҳмадӣ дар ин мақом полковник Иброҳим Солеҳзодаро иваз намуд.
Солеҳзода дар ин вазифа ҳудуди 10 сол кор карда, аммо то ҳол вазифаи нави ӯ маълум нест.
Мирзо Маҳмадӣ бошад, то таъйин шуданаш ба мақоми нав дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият доштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ