Тағйироти кадрӣ. Ректори нави ДМТ кист?
Имрӯз, 16 январ дар як қатор сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои олии кишвар тағироти кадрӣ сурат гирифт.
Эмомалӣ Насриддинзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин гардида, ӯ дар ин вазифа Қобилҷон Хушвахтзодаро иваз кард.
Гуфта мешавад, ки Қобилҷон Хушвахтзода Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин шудааст.
Маълумотнома
Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин то таъин шудан ба вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият кардааст.
Ӯ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор аст.
Корнома
Фаъолияти кориашро соли 1990 ҳамчун омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳияи Балҷувон оғоз кардааст. Аз соли 1993—2006 ассистент, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аз 2003 то 2004 корманди Сарраёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2003—2006 унвонҷӯи Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ, соли 2006 мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва методикаи таълими ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Солҳои 2006—2007 муаллими калони кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 2007—2009 ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия. Солҳои 2009—2011 ҷонишини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим. Аз моҳи августи соли 2011 то 2016 Декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.
Аз 5 майи 2021 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъйин шудааст.
Фаъолияти илмӣ
Соли 2008 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Проблемаҳои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар шароити бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон» дифоъ намудааст. Соли 2015 рисолаи докториро дар мавзӯи «Густариши фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити амиқ гардидани тафовутҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» ҳимоя кардааст. Соли 2017 Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ба қалами ӯ беш аз 150 асари пурарзиши илмию таълимӣ аз ҷумла, 5 монография, 5 китоби дарсӣ, 5 воситаи таълимӣ ва мақолаҳои сершумори илмӣ мансуб аст.
Ҷоизаҳо
Барои хидматҳои шоён ва намунавиаш дар соҳаи таълиму тарбия ва парвариши мутахассисони лаёқатманди ҷавобгӯйи бозори меҳнат бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» ва мукофоти давлатии «Ордени Шараф дараҷаи II» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ