Тағйироти кадрӣ. Ректори нави Донишгоҳи технологӣ кист?
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода аз вазифааш озод ва ба ҷойи ӯ Зоир Раҳмонзода таъин гардид.
Ин тағйироити кадрӣ имрӯз, 15 апрел ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Зоир Раҳмонзода 43 сол дорад ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.
Ӯ номзади илмҳои иқтисодӣ аст. Фаъолияти омӯзгориро аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат оғоз кардааст. Солҳои 2013-2017 директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, солҳои 2017 — 2020 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буд.
То таъин шудан ба вазифаи ректори донишгоҳ бошад, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ