Тағйироти кадрӣ: Шарифзода Шарифзодаро иваз кард

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми июли соли 2022, №336 Шарифзода Фарангис Худоӣ директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин карда шуд.

Профессор Фарангис Шарифзода, духтари донишманди тоҷик, профессор Худоӣ Шарифзода дар ин вазифа Шарифзода Боймурод Бобопурро иваз кард.

Дар шарҳи аз вазифа озод шудани директор омадааст, ки “Шарифзода Боймурод Бобопур бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *