Тақдими 3 дастгоҳи рентгении партативӣ барои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил

Аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад дастгоҳи рентгении партативӣ барои гузаронидани аксҳои рентгенӣ дар шароити куҳсор тақдим карда шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, аснои маросими тақдими дастгоҳҳои мазкур муовини вазир Абдухолиқ Амирзода суханронӣ намуда, ба ҷониби USAID баҳри дастгирии соҳа, хостатан дар самти ташхис ва пешгирии бемории сил дар кишвар изҳори миннатдорӣ намудааст.

— Қайд гардид, ки дастрас гардидани чунин дастгоҳҳои муосир метавонад дар самти дарёфт ва табобати бемории сил нақши муҳим бозад,- меафзояд манбаъ.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *