Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба таълимгирандагони “Ирода”

Бахшида ба Соли нави мелодии 2022 ба таълимгирандагони Маркази таълимию тавонбахшии “Ирода” аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зулфия Абдусаматзода ва директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода кормандон ва таълимгирандагони марказро аз номи роҳбарияти вазорат ба муносибати Соли нави мелодии 2022 муборакбод намуда, аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, махсусан ятимону маъюбон ёдовар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *