Тақдири Чойхонаи “Роҳат” чӣ шуд?

Имрӯз яке аз созандагони Чойхонаи “Роҳат” Мирзораҳмат Олимов зодрӯз дорад. “Роҳат” яке аз чойхонаҳои беҳтарини дунё буда, чанд соли охир масъалаи тахриби он аз ҷониби ҳукумати шаҳри Душанбе матраҳ аст. Ҳол он ки сокинони пойтахт зидди аз байн бурдани ин мероси фарҳангӣ ҳастанд.

Хатари тахриби “Роҳат”

Чойхонаи «Роҳат» соли 1958 сохта шудааст. Меъмори бино Константин Николаевич Терлетский, муҳандис Даниил Давидович Гедлин ва созандаи он устои халқии тоҷик Мирзораҳмат Олимов мебошанд. Наққоши Чойхонаи “Роҳат” Мирзораҳмат Олимов, ки ин нигоришро соли 1959 ба анҷом расонида буд, соли 1966 барои ин кораш сазовори Мукофоти давлатии ба номи Рўдакӣ гардидааст.

“Роҳат” яке аз шиносномаҳои маъруфи Душанбе аст. Чӣ дар замони Шӯравӣ ва чӣ имрӯз тақрибан ҳамаи меҳмонони хориҷии пойтахти Тоҷикистон ҳатман саре ба «Роҳат” мезананд. Ба гуфтаи сайёҳон, ба Душанбе омадану як пиёла чойу як коса лағмони «Роҳат”-ро начашидан мисли ба Порис рафтану манораи Эйфелро надидан ва ё ба Маскав рафтани Кремлро тамошо накардан аст.

Соли 2017 сомонаи амрикоии CNN Travel  чойхонаи «Роҳат»-ро беҳтарин чойхонаи ҷаҳон номид.

Баробари ин, ба рӯйхати беҳтарин чойхонаҳои ҷаҳон   «Tea House 278» дар иёлоти амрикоии Мэн, «Rangoon» дар Маями, «Leaf Tea Bar»  дар Ню Йорк, «Sengan-en» дар Ҷопон, «Plain of Six Glaciers» дар Канада, «The Random Tea Room» дар Филаделфи, «Proper Tea» дар Британияи Кабир, «The Anne Hathaway Cottage Tea Room» вдар иёлоти Вирҷиния, «Rx Tea Time» дар иёлоти  Вайоминг и «Pin Von» дар Чит дохил шуданд.

Вале аз соли 2017 ба ин ҷониб қарори тахриб шудани “Роҳат” ва Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ расонаӣ шуда, боиси сар задани сарусадои зиёд шуд. Сокинони кишвар муқобили тахриби “Роҳат” баромад карданд.

Як соли охир ҳукумати шаҳри Душанбе дар мавриди “Роҳат” вокунише накардааст. Мегӯянд, раиси ҷавони шаҳр Рустами Эмомалӣ тахриби “Роҳат” ва Театри Лоҳутиро боздоштааст. Соли гузашта намуди зоҳирии “Роҳат” тармим карда шуд.

Мирзораҳмат Олимов кист?

Олимов Мирзораҳмат (1891, Хуҷанд — 15. 6. 1971, Душанбе), наққоши тоҷик. Рассоми Халқии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  (1959). Аъзои КПСС аз соли 1969. Яке аз муборизон ва барпокунандагони фаъоли Ҳокимияти Совети дар Тоҷикистон. Дар оилаи наққош Мирзоолим Носиров таваллуд ёфтааст.

Санъати наққоширо аввал аз падар ва баъдтар аз наққош ва нусхапартои машҳур Мирҳалим омӯхтааст. Дар ҷавонӣ ҳамроди падараш ба бисёр шаҳрҳои водии Фарғона рафта, маҳорати наққошиашро такмил додааст. Баъди вафоти ӯ ба кори мустақилонаи эҷодӣ пардохта, сақфи масҷиду хонаҳои истиқоматиро ороиш медод. Соли 1916 дар қатори дигар иштирокчиёни шӯриши Хуҷанд ба Керч бадарға шуд ва муддате дар стансияи роҳи оҳан кор кард.

Соли 1918 ба Хуҷанд баргашта, дар барқарор намудани Ҳокимияти Советӣ фаъолона ишти- рок кард. Аз соли 1930 дар Душанбе мезист. Ба маҳорату истеъдоди наққошии Олимов дар рӯзҳои Даҳаи санъати тоҷик дар Москва (1941), ки намояи бо услуби кундал ороишёфтаро ба намоиш гузошта буд, баҳои баланд дода шуд. Аксари намояҳои Олимов ба санаву симоҳои бузурги таърихӣ бахшида шудааст. Асарҳояш: «В. И. Ленин», «40-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон », «50-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон », «50-солагии ВЛКСМ», «Санъат аз они халқ аст», «Умари Хайём» ва ғайра.

Олимов анъанаҳои беҳтарини наққошӣ, кундалкорӣ, нақшбандӣ, нусхапартоиро идома дода, ба онҳо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Ӯ дар намояҳояш баробари усулу нақшҳои ороишии анъанавӣ (меҳробӣ, гиреҳ, гули аждар, қӯштаноб, ишкелак, гули насрин, садбарг, думи товус, ислимӣ ва ғайра) .мотивҳои эмблематикии мазмунан нав (дос ва болға, герби СССР ва Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон, ситораи панҷгӯша, ғӯзаи пахта, кабутар ва ғайра)-ро истифода бурдааст.

Олимов солҳои охири умраш дар Омӯзишгоҳи рассомии Душанбе (ҳоло ба номи Олимов) ба ҷавонон санъати наққошии миллиро омӯзонда, шогирдони зиёде тарбия кард. Иштирокчии даҳаҳои санъат ва адабиёти тоҷик дар Москва (1941.1957) ва як қатор намоишгоҳҳои умумииттифоқист. Лауреати Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1966). Аз соли 1945 узви ИР СССР. Бо ордени Ленин, 2 медал ва Грамотаҳои Фахрии Президиума Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *