Тақлид… Барои он муҷозот бояд ҷорӣ шавад!

Баъди пошхӯрии сохти шуравӣ таҳоҷуми бегонапарастӣ шуруъ гардид. Дар ҳар қадам мо тақлидро мушоҳида мекунем.

Магар лабро ғафс кардан тақлид нест? Шакли бинии зеборо борику танг кардан тақлид нест? Бо бинӣ мисли фингиҳо гап задан тақлид нест? Овози “р”-ро “л” талаффуз кардан тақлид нест? Дар маросими тӯй пеши арӯс ба зону задан тақлид нест? Дар куҷо дидед, ки домод ва арӯс дар тӯйи худашон рақс кунанд?

Дар баъзе тӯйҳо шиносҳо, хешу табор рӯймол гардонида, чарх зада, даст баста рақс мекунанд. Кӯдаки навзодро бо хирсаку пишаку лӯхтак, бо мошинҳои қимматбаҳои гулчамбардори кироя аз таваллудхона ба хона мебаранд ва амсоли инҳо…

Маълум аст киҳо воридкунандагони бегонапарастӣ мебошанд. Аслан як гурӯҳи санъткорони навбаромад, пулдорони современний (муосир), баъдаш як тудаи ҷоҳили беақлу бетамизи бешууру беҳайсияти мӯдпараст, ки ин корро барои худ ифтихор ва обрӯ медонанд.

Барои чунин тақлидҳо муҷозот бояд ҷорӣ шавад.

Ногуфта намонад, ки расму оинҳои мардумии мо миллионҳо баробар аз инҳо хубтару беҳтаранд.

Шермуҳаммад ТОҲИРӢ, омӯзгор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *