Тақмиви рӯз: Аз Рӯзи байналмилалии театр то Рӯзи ғалаба

27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Иҷрокунандаи вазифаи Котиби иҷроияи вақти  Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид Андрей Василев масоили гуногуни ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистону СММ баррасӣ шуданд.

27 марти соли 2014 дар Афғонистон мавзӯъҳои муҳимтарини минтақавӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳанг, ҳамчунин дар мулоқоти дуюми чаҳорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баррасӣ шуданд.

27 марти соли 2012 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки  Котиби Генералии вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба унвони иштирокдорони Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки дар Тоҷикистон баргузор гардид,  табрикнома ирсол намуд.

Рӯзи байналмилалии театр.

Рӯзи қӯшунҳои дохилии ВКД Федератсияи Россия.

Дар Ангола – Рӯзи ғалаба.

27 марти соли 1933 дар шаҳри Душанбе китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ ифтитоҳ гардид.

27 марти соли 2014 дар шаҳри Кобули ҶИ Афғонистон чорабинии тантанавӣ ва Конфронси байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар он сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва намояндагони воломақом аз ҳашт мамлакати ҳавзаи тамаддуни ин ҷашни мардумию табиӣ иштирок намуданд.

27 марти соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо дастаи Малдив бо ҳисоби 2:0 ғалаба ба даст овард.

27 марти соли 1992 Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ таъсис дода шуд.

27 марти соли 1998 Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар бораи оғози тамринҳои сарҳадбонони Албания барои ҳифзи сарҳад бо Югославия хабар дод.

27 марти соли 2014 аввалин маротиба дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

27 марти соли 1913 дар Оттава аввалин шумораи рӯзномаи франсуззабони «Ле Друа» нашр шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

–75-солагии зодрӯзи Ғайбулло Аҳмадов (1945), олими соҳаи кишоварзӣ.

–75-солагии зодрӯзи Валентина Ветрова (1945), олимаи соҳаи психология.

–95-солагии зодрӯзи Минел Левин (1925-2012), нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

–65-солагии зодрӯзи Абдурауф Расулов (1955), олими соҳаи математика.

–85-солагии кушодашавии (1935), роҳи мошингарди Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *