Тақозои Зеленский: Алайҳи Русия таҳримҳои фаврӣ ҷорӣ шаванд!

Владимир Зеленский бори дигар талаб кард, ки таҳримҳои фаврӣ алайҳи Русия ва бастани осмонҳо дар болои Украина ҷорӣ карда шаванд.

Зеленский дар паёми видеоии худ гуфт: «Мо ба таҳкими фаврии таҳримҳо алайҳи як кишвари террористи ҳастаӣ ниёз дорем. Ба мо лозим аст, ки осмони Украина фавран баста шавад».

Русия субҳи барвақти рӯзи 24-уми феврал амалиёти низомӣ барои безарарсозии Украинаро оғоз кард. Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо раисиҷумҳур Владимир Путин гуфт, ки вазъ «аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд».

Ба гуфтаи раҳбари Русия, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Вай аз низомиёни украинӣ даъват кард, ки дастурҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва ба хона баргарданд.

Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки Неруҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна зарба надодаанд: зербиноҳои низомӣ бо аслиҳаи дақиқи баланд корношоям шуданд. Ба аҳолии осоишта, ба гуфтаи департамент, хатар нест.

Вазорати дифоъ афзуд, ки марзбонони украинӣ «ҳеҷ муқовимат нишон намедиҳанд», дар баъзе мавридҳо низомиёни украинӣ таслим мешаванд ва баъд аз ин онҳо имкони бозгашт ба назди хонаводаҳои худро доранд.

Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24-уми феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро «ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.» Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки «демилитаризатсияи Украина» анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули «ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта» дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, Неруҳои мусаллаҳ танҳо ба зербинои низомӣ ва неруҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад. Бо дастгирии Қувваҳои Мусаллаҳи РФГ гуруҳҳои ДХР ва ЛПР амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд.

Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест,- таъкид кард раиси ҷумҳури Русия. Пагоҳии 3-юми март зиёда аз 1,6 ҳазор объект зада шуд, 62 самолёт, 606 танк ва дигар техникаи зиреҳпӯш нобуд карда шуд ва ғайра. Территорияи атрофи стансияҳои электрикии атомии Чернобил ва Запорожье таҳти назорат гирифта шуд.

Пас аз 8 сол канали Қрими Шимолӣ баста шуд ва кори барқарор намудани об ба Қрим давом дорад. Ҳамла дар чанд самт идома дорад, Киев аз ғарб баста шудааст. Харитаи муфассали минтақаҳои Украина, ки артиши Русия дар онҳо амал мекунад, то ҳол расман нашр нашудааст. Қувваҳои Мусаллаҳи РФ ба бартарии ҳавоӣ бар тамоми Украина ноил шуданд.

Ба иттилои Вазорати дифои Русия, то 2-юми март дар ҷараёни ин амалиёт 498 низомии Русия кушта ва 1597 нафари дигар захмӣ шудаанд. Аз ҷониби Украина, ба гуфтаи вазорати низомии Русия, талафот ба маротиб бештар аст: беш аз 2870 кушта ва тақрибан 3700 захмӣ.

Вазорати дифои Русия аз як қатор ҳолатҳои ба таври ихтиёрӣ гузоштани силоҳ аз ҷониби сарбозони украинӣ хабар медиҳад. Ба онҳо кафолати амният ва бозгашт ба оилаҳои худ дода шудааст. Дар ҳамин ҳол, нируҳои амниятии Украина дар маҳаллаҳои истиқоматии Киев ва дигар шаҳрҳои Украина мушакандозҳои зиёде мустақар мекунанд. Путин инро як тактикаи террористӣ номид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *