Тақвими мусобиқоти ҷудо то Бозиҳои олимпии Токио

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) тақвими мусобиқотро барои марҳилаи интихобии варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки то 28-уми июни соли 2021 идома меёбад, нашр кард.

Соли 2021 бо мусобиқаи ситораҳои ҷудо дар Доҳаи Қатар оѓоз шуд. Мусобиқа аз 11 то 13-уми январ баргузор шуд, ки дар он се варзишгари Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) иштирок карданд.

Дар идома, рӯзҳои 18-20-уми феврал Гранд Слами Тел Авив (Исроил), 27-28 феврал Ҷоми Осиё дар Ҳонгконг баргузор хоҳанд шуд. Дар моҳи март низ ду мусобиқа ба нақша гирифта шудааст: 5-7-уми март Гарнд Слами Тошканд (Ӯзбекистон), 26-28-уми март Гранд Слами Тбилисӣ (Гурҷистон).

Аз 1 то 3-юми апрел ҷудочиёни ҷаҳон дар Гранд Слами Анталия (Туркия), баъдан ҷудочиёни Осиё ва Уқёнус дар чемпионати қитъавӣ майдондорӣ мекунанд. 8-9-уми май Париж (Фаронса) мизбони мусобиқаи Гранд Слам хоҳад буд.

Марҳилаи интихобӣ бо баргузории Чемпионати ҷаҳон рӯзҳои 6-13-уми июн дар Будапешт (Венгрия) анҷом меёбад. 22 нафари беҳтарини ҳар вазн имкон пайдо мекунанд, ки дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, ширкат кунанд.

Айни ҳол аз Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) дар минтақаи сабзи раддабандии ҷаҳонӣ мавқеъ доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *