Тақвими рӯз: 70-солагии муаллифи «Муаллимони қаҳрамон» ва таъсиси Институти илмӣ-таҳқиқотӣ
18-уми январи соли 1950 дар деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст. Рӯзноманигор, узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон. Мактаби миёнаи №4-уми деҳаи Қистакӯзро соли 1966 хатм карда, ба шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд ва онро соли 1971 ба итмом расонд. 5 сол дар рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод”, чанд муддат дар китобхонаи деҳаи Қистакӯз кор кард. 2 соли минбаъда корманди Нашриёти давлатии «Ирфон» буд.
Солҳои 1977-84 муҳаррири Сарредаксияи тарғибу ташвиқи Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон, солҳои 1984-1990 мухбири калони маҷаллаи ҷумҳуриявии «Фирӯза» буд. Соли 1990 муовини раиси Иттиҳоди занони Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 1993 сарвари корхонаи «Хистеварз»-и назди ҳамин иттиҳод таъин гардид. Солҳои 1997-2001 муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Хуҷанд»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.
Аз соли 2001 мудири бахши робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсии шӯъбаи масоили иҷтимоию фарҳангӣ ва муносибатҳои байналхалқии Ҳукумати вилояти Суғд буд.
Муаллифи китоби «Муаллимони қаҳрамон» (ҳаммуаллиф бо М.Бозорбоева) аст.
Ҳамчунин, дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар ба дунё омадаанд. Аз ҷумла:
–110-солагии зодрӯзи Сабоҳатхон Абдуллоева (1910-1969), журналист, яке аз поягузорони матбуоти тоҷик.
–70-солагии зодрӯзи Мавлуда Кенҷаева (1950-2015), журналист.
–90-солагии зодрӯзи Александр Лавросевич (1930-1997), доктори илмҳои геология ва минералогия.
–120-солагии зодрӯзи Борис Лототский (1900-1957), доктори илми биологӣ.
–60-солагии зодрӯзи Анатолий Старостин (1960), варзишгар, чемпиони олимпӣ, чемпиони чандкаратаи ҷаҳон оид ба намуди панҷҳарба.
–90-солагии зодрӯзи Абдушукур Ӯлмасов (1930-1990), олими соҳаи тиб.–90-солагии таъсиси (1930) Техникуми зооветеринарии Тоҷикистон (аз соли 1961 Институти илмӣ-таҳқиқотии ветеринарии ҷумҳурӣ).
–90-солагии таъсиси (1930) Техникуми зооветеринарии Тоҷикистон (аз соли 1961 Институти илмӣ-таҳқиқотии ветеринарии ҷумҳурӣ).
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ